litbook

Поэзия


Таджикская поэзия0

От редакции: Темур Варки – поэт, переводчик с фарси, журналист. Родился в столице Таджикистана – Душанбе в 1962 г. Закончил факультет русского языка и литературы Таджикского госуниверситета в 1984 г. Публиковался в журналах «Памир», «Дружба народов», «Мост», интернет журналах «Порт-Фолио», «Точка зрения», альманахе «Поэзия 21 век». Живёт в Душанбе и в Москве. Призёр и победитель ряда открытых международных сетевых поэтических конкурсов.

 

ДЖАЛОЛИДДИН РУМИ

 

РАВ, ОН РУБОБИРО БИГӯ

 

Рав, он рубобиро бигӯ, мастон саломат мекунанд,

В-он мурғи обиро бигӯ, мастон саломат мекунанд.

В-он мири соқӣро бигӯ, мастон саломат мекунанд.

В-он умри боқӣро бигӯ, мастон саломат мекунанд.

В-он мири ғавғоро бигӯ, мастон саломат мекунанд.

В-он суду савдоро бигӯ, мастон саломат мекунанд.

Эй маҳ зи рухсорат хиҷил, мастон саломат мекунанд.

Эй роҳату ороми дил, мастон саломат мекунанд.

Эй ҷони ҷон, эй ҷони ҷон, мастон саломат мекунанд.

Эй ту чунину сад чунон, мастон саломат мекунанд.

Эй орзу, эй орзу, мастон саломат мекунанд.

Эй пардаро бардор з-ӯ, мастон саломат мекунанд.

Сад шаҳ фидойи рӯйи ту, мастон саломат мекунанд,

Маҳ хошарӯби кӯйи ту, мастон саломат мекунанд.

Эй нест карда ҳастро, мастон саломат мекунанд,

Бишнав саломи мастро, мастон саломат мекунад.

 

ИДИ И ПЕРЕДАЙ ФЛЕЙТИСТУ           

 

Иди и передай флейтисту: Приветствуют тебя хмельные!

И той плывущей вольно птице: Приветствуют тебя хмельные.

И старшему по винам чистым: Приветствуют тебя хмельные.

Остатку жизни многолистной: Приветствуют тебя хмельные.

И передай главе бедлама: Приветствуют тебя хмельные.

Торговцам истиной у храма: Приветствуют тебя хмельные.

И страсти неразменной самой: Приветствуют тебя хмельные.

Луна в твой лик смотреть не смеет. Приветствуют тебя хмельные.

Покой души, блаженство с нею. Приветствуют тебя хмельные.

Скажи душе, души роднее: Приветствуют тебя хмельные.

Источник сотен треволнений, приветствуют тебя хмельные.

И ты, мечта мечты, мечтою приветствуют тебя хмельные.

Давай покров твой приоткроем, приветствуют тебя хмельные.

Тебе тут присягают строем, приветствуют тебя хмельные.

Метельщик месяц беспокоен, – приветствуют тебя хмельные.

Ты превратишь в ничто любого, приветствуют тебя хмельные.

Услышь меня, меня хмельного: Приветствуют тебя хмельные!

 

____

 

ХАФИЗ ШИРАЗИ

 

***

 

Тӯ ҳамчу субҳиву,ман шамъи хилвати саҳарам.

Табассуме куну ҷон бин, ки чун ҳамесупорам.

 

Чунин ки дар дили ман доғи зулфи саркаши туст,

Бунафшазор шавад турбатам чу даргузорам.

 

Бар остони муродат кушодаам дари чашм,

Ки як назар фиғанӣ, худ фиғандам аз назарам!

 

Чӣ шукр гуямат, эй хайли ғам, афокаллоҳ,

Ки рӯзи бекасӣ охир намерави зи сарам?!

 

Ғуломи мардуми чашмам, ки бо сияҳдили

Ҳазор қатра биборад, чу дарди дил шуморам.

 

Ба ҳар назар бути мо ҷилва мекунад, лекин

Кас ин карашма набинад, ки ман ҳаменигорам.

 

Ба хоки Ҳофиз агар ёр бигзарад чун бод,

Зи шавқ дар дили он тангно кафан бидарам!

 

***

 

Ты – румянец зари, я же – утро стыдливой свечи.

Улыбнись, провожая ту жизнь, что тебе я вручил.

 

Сердце так эти кудри опутали и оплели! –

Расцветут над могилой фиалки. Не спрашивай, чьи.

 

У порога желаний твоих встал я чутким ловцом.

Уронила ты взгляд, и глаза потерял я в ночи.

 

Благодарность какую, о мука, Аллаху воздать? –

В одиночества день он с тобою нас не разлучил.

 

Я глазам не хозяин. Из чёрных сердечек зрачков

Капель тысячу я отсчитаю в уплату кручин.

 

Сокровенный бутон мой цветёт у людей на виду.

Но проходят слепцы. И не видят, что я различил.

 

Если ты над могилой Хафиза пройдёшь ветерком,

Саван душный порву. Как ладони твои горячи.

 

 

ЮСУФИ ГУМГАШТА

 

Юсуфи гумгашта боз ояд ба Қанъон, ғам махӯр.

Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.

Ай дили ғамдида, ҳолат беҳ шавад, дил бад макун

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр.

Гар бахори умр бошад. боз бар тахти чаман

Чатри гул бар сар кашӣ, ай мурғи хушхон, ғам махӯр.

Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доимо яксон набошад ҳоли даврон, ғам махӯр.

Ҳон машав навмед, чун воқиф найи аз сирри ғайб

Бошад андар парда бозиҳои пинҳон , ғам махӯр.

Ай дил, ар сейли фано бунёди ҳастӣ барканад,

Чун туро Нӯҳ аст киштибон зи тӯфон, ғам махӯр.

Дар биёбон гар ба шавқи Қаъба ҳоҷӣ зад қадам,

Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махӯр.

Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас баъид,

Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр.

Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,

Ҷумла медонад Худои ҳолгардон, ғам махӯр.

Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуъову дарс Қуръон, ғам махӯр.

 

ЗНАЙ, ЮСУФ

 

Знай, Юсуф в сады вернётся в Ханаане, не горюй.

В скорби дом прольются трели, роз дыханье, не горюй.

Сердце, что познало горе, не казни, не будь жестоким.

Пусть избавится твой разум от терзаний, не горюй.

Вновь весна луга расстелет для тебя. На троне луга

Пой же в венчике из лилий, в час венчанья не горюй.

Если звёздный круг сегодня глух к трепещущим надеждам,

Переменчив он, догонит ожиданья, не горюй.

Не грусти, не падай духом, – ты не вхож в покров незримый.

До поры хранит награды полог тайны, не горюй.

Если тлен несущий ливень рушит бытия основы,

Сердце вверь ковчегу Ноя без метаний, не горюй.

Если же в песках ведом ты в хадже страстью по Каабе,

Будь шипами мугеляна ты изранен, не горюй.

Как бы ни был путь опасен, ну а цель недостижима,

Нет путей без окончаний, до прощанья не горюй.

Мне даны разлука с милой и назойливый хулитель.

Видит всё вершитель судеб, все старанья, не горюй.

Что ж, Хафиз, пока находишь в келье мрачными ночами

Утешение в молитве и Коране, не горюй.

 

____

 

СААДИ ШИРАЗИ

 

ЭЙ СОРБОН

 

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

В-он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад.

 

Ман мондаам маҳҷур аз y бечораву ранҷур аз y.

Гуи ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.

 

Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун

Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

 

Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон,

К-аз ишқи он сарви равон, гуи, равонам меравад.

 

Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳои чашон,

Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.

 

Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам.

Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.

 

Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ,

Дар сина дорам ёди ӯ ё бар забонам меравад.

 

Боз ою дар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,

К-ошубу фаръёд аз замин бар осмонам меравад.

 

Шаб то саҳар менагнавам в-андарзи кас мешнавам,

В-ин раҳ на косид меравам, к-аз каф инонам меравад.

 

Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил,

В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.

 

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,

Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

 

Дар рафтани ҷон аз бадан гуянд ҳар навъе сухан,

Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

 

Саъди, фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд эй бевафо,

Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

 

О, КАРАВАНЩИК!

 

О, караванщик, тише звон! То жизнь со мной прощается.

Вослед усладе сердце вон, – душа, постой! – прощается.

 

Оставлен, сир я и разут, ничем уже не дорожу.

Пронзаем жалом, что в грозу во мне с тобой прощается.

 

Лукавил я и делал вид, что весел, ветрен, деловит.

Но сокровенное кровит в проём дверной, прощается.

 

Эй, караванщик, мягче шаг! Там в паланкине спит душа.

Тут от любви к ней, не дыша, едва живой прощается.

 

Там ветер полами смущён, тут яд разлукой замещён.

Я растворён и разлучён, мой луч свечой прощается.

 

А если вспыхнешь предо мной, сгорю в блаженстве, сам не свой

Сродни кадильнице, густой дым с головой прощается.

 

Но милой гнёт приняв, к суду я равнодушен на беду.

В груди тебя ценя, в бреду язык с ценой прощается.

 

Вернись, предстань же наяву, – свою прелестницу зову.

Воззванья в небеса плывут, мятеж с землёй прощается.

 

Ночами маюсь, ночь слова доносит, кругом голова.

Плетусь без цели, жив едва, а путь с уздой прощается.

 

Молил в слезах я: пусть верблюд устанет свой нести сосуд. –

Но тщетен был мой тяжкий труд, что с пустотой прощается.

 

Живу мечтой о встрече с ней, не сплю ночей, не помню дней.

И будь, что будет, мне видней, – ей нрав крутой прощается.

 

Я слышал много разных слов, как души покидают кров.

И сам вот вижу меж миров, как жизнь со мной прощается.

 

Оставь свой ропот, Саади! Рыдай и сам себя суди!

Терпеть не в силах. Боль, уйди! И плача, боль прощается.

 

____

 

ЛОИК ШЕРАЛИ

 

МОДАРНОМА, 1979

 

Дар қиёси гури мардон пештар

Гури занро жарфтар мекофтанд

Гуи ӯ дорад гуноҳҳои азим –

Аз шариат хилаҳо меёфтанд.

 

Гури занро жарфтар мекофтанд,

To жарфтар пинҳон шавад.

To зи хоки ӯ наруяд сабзае –

Боиси маъсияти покон шавад.

 

Бехабар аз он ки зан модар бувад,

Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.

Бар чунон одатшиносони дурушт

Ӯ насиби зиндагонӣ додааст.

 

Бехабар аз он, ки модар холиқ аст,

Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо.

Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ

Мекашад дар гур ҳам озорҳо...

 

Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон

Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст.

Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад,

К-он чунон ноқадрдонон зодааст...

 

***

 

Такой был в годы прежние обычай, –

Копать поглубже женщинам могилу,

И ради соблюдения приличий

Кивнуть на шариат притом любили.

 

И хоронили женщину поглубже,

Чтоб, мол, получше скрыть её пороки,

Чтоб даже зелень не вилась снаружи,

Её греховность воплощая в соки.

 

Забыв о том, что женщины призванье –

Быть матерью, и в этом прегрешенье,

Что в грубости должна мириться с вами,

Даря вам жизнь в стыде и униженье.

 

Забыв о том, что женщина – создатель

И мир вращает, жизнь рождая снова,

И платит за грехи детей некстати,

Страдая и в земле от злого слова.

 

Забыв о том, что в ней душа вселенной,

Что свет глазам открыла лучезарный

Что грех её в одном лишь, несомненно,

Что родила таких неблагодарных.

Рейтинг:

0
Отдав голос за данное произведение, Вы оказываете влияние на его общий рейтинг, а также на рейтинг автора и журнала опубликовавшего этот текст.
Только зарегистрированные пользователи могут голосовать
Зарегистрируйтесь или войдите
для того чтобы оставлять комментарии
Лучшее в разделе:
Регистрация для авторов
В сообществе уже 995 авторов
Войти
Регистрация
О проекте
Правила
Все авторские права на произведения
сохранены за авторами и издателями.
По вопросам: support@litbook.ru
Разработка: goldapp.ru